Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати яке аз раҳбарони "Ансор-ул-муслимин" дар Пешовар


Бар асари таркиши маргталабона дар шимолу ғарби Покистон дасти кам 4 нафар кушта ва 8 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Миёни кушташудаҳо Ҳоҷӣ Охунзода, яке аз раҳбарони гурӯҳи “Ансор-ул-муслимин”, низ ҳаст. Ин гурӯҳ дар минтақаи Хайбар амал мекунад ва аз рақибони созмони “Лашкари исломӣ” маҳсуб мешавад.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, маргаталаб худро дар назди манзили Охунзода, воқеъ дар канори шаҳри Пешовар, тарконидааст. Бар асари таркиш бино ҳам осеб дид.

Дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистони шимолу ғарби Покистон пойгоҳҳои ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида” мустақаранд.
XS
SM
MD
LG