Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси сеҳрноке дар Facebook


Баъзе аз аксҳо бо содагӣ ва самимияти манзара нигоҳи бинандагонро ба худ мекашанд.

Як чунин аксро, ки ҳамкори мо Мӯъмини Аҳмадӣ дар Мӯъминобод бардоштааст, вақте маълум шуд, бинандаи зиёд дорад, рӯйи шабакаи Фейсбук гузоштем ва дафъатан маълум шуд, ки ба чандин нафар, аз ҷумла Сокина Абдулазиз, Фарзон Носирӣ, Фирӯз Юнусов, Luchshe Paren, Абдусаттор Исоев, Шоҳан Шоҳ, Ифтихор Мухторов, Илҳом Камолов ва Гулҷаҳон Ҳамроҳзода писанд омадааст. Онҳо тугмаи “Like“-ро пахш кардаанд.

Вале дар шаҳри ин акс Фирӯз Юнусов навиштааст, “вақте ин аксро мебинӣ, давраҳои кӯдакӣ ва ҳаёти хуб ба ёд меояд. Чи лаҳзаҳои ширин аст, ки парвои чизе надорӣ. Боду ҳавои деҳ ин худаш як ҷаҳони дигар аст.”

Гӯё дар идомаи ҳамин эҳсосотро Luchshe Paren менависад: “Давраи харсавориҳоро ба ёд меораду каҳкаширо. Барои ҳамин диққатро ба худ ҷалб мекунад. Мешинию ҳамон рӯзҳои ҷавониро ба ёд меорӣ.”

Меҳробҷони Ёқубӣ мегӯяд, ҷои тааҷҷуби зиёд надорад, табиати пок ва хонаи деҳотӣ, чашмаи оби зулол ва дигару дигар диққатро ҷалб мекунад, аммо махсусан туристҳоро.



Номаи Шоҳан Шоҳ манфию мусбатро ба ҳам меорад. Вай менависад: “Ин акса, ки мебинам, рӯзҳои сахте, ки дар қишлоқ гузарондаам, ёдам меояд. Аслан рӯзҳои хубе набуд ба ғайр обу ҳавои тозааш ва табиати зебои худододаш ва падару модару хешутаборе, ки ҳама гирдихам будем дар ҳамон деҳамон, фикр мекунам беҳтаринаш ҳамин буд. Бадтаринаш гӯсфандбонӣ, навбати пода, алафдаравӣ, хезумкашӣ, бебарқӣ ва бекорӣ ва дар мактаб касе дарси дуруст намеомӯзанд ба шогирдҳо, то ҳатто муаллимон бачаҳоро ба алафдаравӣ даъват мекарданд, даъватам не, маҷбурӣ ба по бел кардани боғҳояшон мебурданд. Ҳар сол мо, шогирдон, як хар ҳезум оварда, ба мактаб месупоридем, барои зимистонамон. Ина ин буд таҷрибаи ман аз қишлоқ ва ба назари ман, ин акс зебост.”

Ифтихор Мухторов онро намунаи табиати зебоб меномад ва Абдусаттор Исоев мегӯяд, ин акс “ҳақиқати ҳаёти қисми зиёди аҳолии кишвари моро бозгӯ мекунад.” Ба ақидаи Исоев, бисёре аз бачаҳои тоҷик дар чунин ҳаёт “обутоб” ёфтаанд.

Ва ниҳоят, Бахтиёр Латифӣ дасти дуо кушодааст: “Худованд ин қадар ватани бо табиати зебо додаст, вале мардум дар ғарибӣ овораву саргардон, дарди гурбат кашида истодааст! Сад афсӯс, ки умри ҳазорон нафар аз ҷавони тоҷик дур аз ин ватани нозанин мегузарад, сад дареғ! Худованд ватани зебо додасту сарварони ноӯҳдабаро... во ғарибо, во ғариб!"
XS
SM
MD
LG