Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъдоми як покистонӣ дар Арабистони саудӣ


Дар Арабистони саудӣ як шаҳрванди Покистон эъдом шуд. Ба иттилои вазорати умури дохилии кишвар, Салмонхон Тоймуҳаммад барои талоши ба Арабистони саудӣ ворид кардани миқдори бузурги ҳероин ба қатл маҳкум шуда буд.

Хабаргузории саудии SPA иттилоъ дод, ки дар мурофиаи додгоҳӣ муҷрим гуноҳи худро иқрор кард.

Ба иттилои созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал, соли гузашта дар Арабистони саудӣ 79 нафар эъдом шуданд.
XS
SM
MD
LG