Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори "Бизнес и политика" дар Сурия ғайб зад


Дар Сурия хабарнигори рус Александр Рибин, ки барои нашрияи “Бизнес и политика”-и чопи Душанбе кор мекард, ғайб зад.

Дар ин бора сардабири нашрия Ҷамшед Улмасов ба ИТАР-ТАСС бо такя ба иттилои хонуме хабар додааст, ки бо Рибин дар Сурия ҳамроҳ аст. Ба гуфтаи сардабири “Бизнес и политика”, бори ахир Рибин рӯзи 18 январ гузориш дода буд. Баъд аз ду рӯз хабарнигор ба шаҳри Лозиқия рафт ва робита бо ӯ қатъ шуд.

Александр Рибин шаҳрванди Русия аст ва аз охири соли гузашта дар Сурия ба сар мебарад. Ӯ дар бораи авзоъ дар ин кишвари арабӣ пайваста барои “Бизнес и политика” гузориш мефиристод.

Сафорати Русия дар Димишқ дар бораи ғайб задани хабарнигор иттилоъ дорад.
XS
SM
MD
LG