Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 нафар дар бархӯрдҳо дар канори Димишқ


Бар асари даргириҳо дар канори шаҳри Димишқ дасти кам 9 нафар кушта шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия ба хабаргузории DPA гуфтанд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамчунин 45 тан аз ҷонибдорони мухолифинро дастгир карданд. Айни ҳол, ба гуфтаи онҳо, сарбозони ҳукуматӣ дар канори роҳҳое, ки сӯи фурудгоҳи байнулмилалии Димишқ мебаранд, мустақаранд.

Хабаргузории расмии SANA иттилоъ дод, ки террористҳо дар вилояти Ҳумс, воқеъ дар маркази кишвар, лулаи интиқоли газро таркониданд.

Интизор меравад, ки имрӯз Лигаи кишварҳои араб тарҳи бурунрафт аз бӯҳронро ба СММ пешниҳод кунад.

Дирӯз нерӯҳои ҳукуматии Сурия манотиқи шарқии канори Димишқро дубора таҳти назорати худ қарор доданд. Ин мавзеъҳо, аз ҷумла, маҳаллаи Гутаро низомиёни Артиши озодихоҳи Сурия, ниҳоди пуштибон аз мухолифини ҳукумат, ишғол карда буданд. Барои таҳти назорат гирифтани ин мавзеъҳо даҳҳо тонку зиреҳпӯшҳо фиристода шуданд.

Ба иттилои мухолифин, рӯзи якшанбе бар асари амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар сартосари Сурия дасти кам 60 тан аз ширктдорони намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои Башор Асад ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG