Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи мурофиаи гумонбарон дар узвият ба ҲИУ


Дар як боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии 34 нафари гумонбар дар узвият ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон шурӯъ шуд.

Ба иттилои хабаргузории Азия плюс, ҳамаи гумонбарон сокинони ноҳияи Исфараанд, ки бархеи онҳо, ба иттилои тафтишот, дар дигар ҷиноёти сангин, аз ҷумла, куштор, ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ғоратгарӣ, барангехтани адовати қавмиву мазҳабӣ ва талоши сарнагун сохтани низоми қонунӣ ҳам даст доранд.

Ба иттилои додситонии вилояти Суғд, соли гузашта дар қаламрави вилоят 135 узви фаъоли созмону гурӯҳҳои мамнӯъ – Ҳизбуттаҳрир ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG