Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди ахири Фаронса дар мавриди хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон, якпорчагии қувваҳои НАТО-ро дар мавриди хуруҷ то поёни соли 2014 ба печидагӣ рӯбарӯ сохтааст.

Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса баъд аз кушта шудани чаҳор сарбози фаронсавӣ аз сӯи як сарбози афғон дар вилояти Кописо, дар ҷараёни дидораш бо раиси ҷумҳури Афғонистон гуфа буд, ки нерӯҳои кишвараш ба ҷои соли 2014, Афғонистонро дар соли 2013 тарк хоҳанд кард.

Саркозӣ гуфт, раванди хуруҷи нерӯҳои фаронсавӣ аз Афғонистонро суръат мебахшад ва дар соли ҷорӣ ҳазор сарбози он кишвар Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Қаблан барои ин муддат, хуруҷи танҳо шашсад аскари фаронсавӣ аз Афғонистон пешбинӣ шуда буд. Қарор аст Фаронса ин ҳафта дар нишасти вазирони дифои НАТО дар Бруссел пешниҳоди хуруҷи қабл аз вақти нерӯҳояш аз Афғонистонро матраҳ кунад.

Хабаргузории Асcошиейтед Пресс мегӯяд, агар кишварҳои дигари НАТО ин иқдоми Фаронсаро ҳамчун чароғи сабз барои хуруҷи қабл аз вақти нерӯҳо аз Афғонистон талаққӣ кунанд, ин мавзӯъ метавонад стратегияи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро дучорӣ печидагиҳо созад.

Кишварҳои узви НАТО соли 2010 дар нишасти ин паймон дар Лисаббон тавофуқ карданд, то поёни соли 2014 раванди интиқоли масъулиятҳо ба нерӯҳои афғонро такмил намуда ва аз он кишвар хориҷ мешаванд.

Давид Камерун, нахуствазири Бритониё рӯза шанбе дар ҷараёни мулоқоти худ бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, хуруҷи нерӯҳои бритониёӣ аз Афғонистон ба вазъи амниятии он кишвар вобаста хоҳад буд ва бояд тамоми кишварҳои узви паймони НАТО инро дар назар дошта бошанд.

Вазири дифои Италия гуфтааст, кишвараш дар бахши хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон ба ваъдаҳои худ вафодор аст. Олмон ҳам гуфтааст, бо ин тарҳ, ки бар асоси он нерӯҳои олмонӣ то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк мекунанд, мувофиқ аст.

Як сухангӯи НАТО дар Бруссел бо ишора ба баёноти раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст: «Хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон мутобиқи нақша то поёни соли 2014 амалӣ хоҳад шуд.»

Сухангӯи НАТО ҳамчунин гуфтааст, дар нишасти раҳбарони НАТО дар Чикаго дар моҳи майи соли равон, дар мавриди марҳилаи баъди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон баҳс хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG