Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хашм"-и Русия аз қарори Лигаи Араб


Cергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
Cергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия

Русия аз қарори Лигаи Араб барои қатъи маъмурияти ҳайъати нозиронаш дар Сурия интиқод кард.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ин тасмим барои онҳо ғайримунтазира буд, чунки Лигаи Араб ба тозагӣ барои тамдиди замони ҳузури нозиронаш дархост дода, ризоият ҳам гирифт.

Ин созмон рӯзи шанбе ба далели идомаи хушунатҳо ба тавқифи билофосилаи фаъолияти ҳудуди 100 нозираш дар Сурия амр дод. Қарор шуда, ки рӯзи ҷумъа мавзӯъи хуруҷи нозирон аз ин кишвар дар нишасти вузарои хориҷаи Лигаи Араб баҳс шавад.

Иттиҳодияи Араб ҳафта гузашта бо ироаи тарҳи сулҳе барои поён додан ба бӯҳрони беш аз 10 моҳа дар Сурия, аз Башор Асад, раиси ҷумҳури ин кишвар хост ихтиёроти раёсати ҷумуҳуриро ба муовини худ вогузор кунад

Дар баёнияи Иттиҳодияи Араб, ки рӯзи шанбе нашр шуд, омадааст: “Бинобар идомаи хушунатҳо дар Сурия, дабири кулли Иттиҳодияи Араб бо бархе аз вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин иттиҳодия машварат кард ва тасмим гирифта шуд, то замони матраҳ шудани мавзӯъ дар нишасти вазирони умури хориҷӣ, фаъолиятҳои нозирон “фавран” дар Сурия қатъ карда шавад.”

Маъмурияти нозирони Иттиҳодияи Араб назорат бар тарҳе аст, ки пештар ин ниҳод барои поён додан ба бӯҳрон дар Сурия пешниҳод карда буд. Бар асоси ин тарҳ, давлати Сурия ӯҳдадор шуда буд ба саркӯбии тазоҳургарон поён диҳад ва ҳама дастгиршудагони нооромиҳои ахирро озод кунад. Дар муқобил Иттиҳодияи Араб миёнҷии гуфтугӯҳо миёни давлати Сурия ва мухолифон мешавад.

Маъмурияти якмоҳаи нозирон ду ҳафта пеш поён ёфт ва ба муддати як моҳи дигар дароз карда шуд. Аммо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ва ҳамчунин Марокаш дар эътироз ба идомаи хушунатҳо дар Сурия, нозирони худро аз ин кишвар фаро хондаанд.

Созмони Милал мегӯяд, аз моҳи март то кунун дар ҷараёни саркӯбии тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия, бештар аз 5500 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG