Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Ҷокович бар Надал дар Australian Open


Новак Ҷокович (Акс аз бойгонӣ)
Новак Ҷокович (Акс аз бойгонӣ)
Теннисбози серб Новак Ҷокович дар даври ниҳоии мусобиқоти Australian Open бар Рафаэл Надал аз Испания дастболо шуд. Ин тӯлонитарин бозии ниҳоӣ дар таърихи мусобиқоти Grand Slam буд, ки 5 соату 53 дақиқа идома ёфт. Бозии ниҳоии қаҳрамонии кушодаи Амрико дар соли 1988 байни Матс Виландер ва Иван Лендл 4 соату 54 дақиқа ва рақобати Надал бо Фернандо Вердаско дар мусобиқоти ду сол пеши Australian Open 5 соату 14 дақиқа давом карда буд.
Як рӯз қабл дар даврии ниҳоии мусобиқоти занон дар Australian Open Виктория Азаренкаи 23-сола аз Беларус бар Мария Шарапова аз Русия ғолиб омад.
XS
SM
MD
LG