Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон пешниҳоди Олмонро радд кард


Евангелос Венизелос
Евангелос Венизелос
Вазири молияи Юнон пешниҳоди Олмон ба ИА дар мавриди касби назорат бар молиёту хароҷоти Афинаро ба далели тааррузаш ба марзи истиқлоли кишвараш радд кард. Евангелос Венизелос гуфт, “онҳое ки мардумро дар пешорӯи интихоб байни кумаки молӣ ва ифтихори миллӣ мегузоранд, аз сабақҳои таърих чашм мепӯшанд.” Вазири иқтисоди Олмон Филлипп Рёслер гуфтааст, ки тарафдори назорати шадиди ИА бар Юнон аст. Куммиссиюни Аврупо ҳам гуфта, ки назорати будҷаи Афина ҷои баҳс надорад.Буҳрони қарзҳои Юнон ба буҳрони тамоми минтақаи евро оғоз гузошт.
XS
SM
MD
LG