Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ронандагон бо лентаҳо дар Садовое колтсо


Тарафдорони силсилаи тазоҳурот “Барои интихоботи одилона”, ки қарор аст, рӯзи 4 феврал дар Русия доир шавад, мегӯянд, дар арафаи ин эътирозҳо ба як муваффақияти дигар даст ёфтаанд. Лигаи интихобкунандагон аз ронандагон ва боқӣ мунтақидони сарвазир Владимир Путин ва азми ӯ барои касби боз як давраи раёсат хоста буд, то мошинҳои худро бо лентаҳои сафед оро дода, ба Садовое Колтсои Маскав бароянд. Ба гуфтаи ташкилдиҳандагон, ҳудуди 3000 ронанда ба ин эътироз пайвастанд. Аммо пулис чунин эътирозгарони пушти чамбарро танҳо 300 нафар баршумурдааст.
XS
SM
MD
LG