Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйиди ҳукми эъдоми Маликпур дар Эрон


Саид Маликпур

Саид Маликпур

Ба таъйиди матбуоти Эрон, Додгоҳи олии ин кишвар ҳукми эъдоми як марди эронии муқими Канада бо ҷурми роҳандозии сомонаи интернетии порнографиро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Хабаргузории Форс мегӯяд, Додгоҳи олӣ ҳукми қатли Саид Маликпурро тағйир надод. Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Эрон дар моҳи июни соли гузашта ҳукми эъдомро лағв карда буд. Акнун ташреҳе дода нашуда, ки чаро ин навъи олии ҷазоро барқарор кардаанд. Тарафдорони Маликпур мегӯянд, ӯ барномае сохта буд, ки имкони нашри аксҳо дар Интернетро иҷозат медод, ки онро бидуни хабардор шудани ӯ барои сохтани сомонаҳои фаҳш низ истифода бурдаанд. Маликпур аз соли 2004 дар Канада ба сар мебурд ва соли 2008, вақте боздошт шуд, ки барои аёдати падари маризи маргаш ба Эрон омад.
XS
SM
MD
LG