Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Лавров аз тасмими Лигаи Араб


Нозирони арабӣ аз ҳотели Шератони Димишқ берун мешаванд

Нозирони арабӣ аз ҳотели Шератони Димишқ берун мешаванд

Русия қарори Лигаи Араб барои тавқифи кори ҳайъати нозиронаш дар Сурияро интиқод кард. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ин тасмим барои онҳо ғайримунтазира буд, чунки Лигаи Араб ба тозагӣ барои тамдиди замони ҳузури нозиронаш дархост дода, ризоият ҳам гирифт. Ин созмон рӯзи шанбе ба далели идомаи хушунатҳо ба тавқифи билофосилаи фаъолияти ҳудуди 100 нозираш дар Сурия амр дод. Қарор шуда, ки рӯзи ҷумъа мавзӯъи хуруҷи нозирон аз ин кишвар дар нишасти вузарои хориҷаи Лигаи Араб баҳс шавад.
XS
SM
MD
LG