Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқия бойкоти парлумонро қатъ хоҳад кард


Тариқ Ҳошимӣ (Акс аз бойгонӣ)
Тариқ Ҳошимӣ (Акс аз бойгонӣ)
Эътилофи дунявии таҳти ҳимояти сунниҳо, ки дар интихоботи ду сол пеш теъдоди бештари курсиҳои парлумони Ироқро ба даст оварда буд, ба таҳрими кори маҷлис хотима хоҳад дод. Сухангӯи Ироқия Майсун Дамлуҷӣ дар пайи ҳамоиши раҳбарони ин гурӯҳи сиёсӣ ва вакилони маҷлис гуфт, Ироқия ба ҷаласоти парлумон бар хоҳад гашт.
Эътилофи Ироқия аз миёнаҳои декабр, дар пайи аз сӯи давлати шиъаҳои Ироқ ба раҳбарии як гурӯҳи қотилон айбдор шудани ноиби раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ, ки намояндаи сунниҳо ва узви Ироқия буд, кори парлумонро бойкот кардааст. Ҳошимӣ ин иттиҳомро радд карда, ба минтақаи мухтори Курдистон дар шимоли Ироқ фирор кардааст. Мақомоти Курдистон то ҳол аз супурдани ӯ ба Бағдод саркашӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG