Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти пулиси гумонбар дар қатли як тоҷик


Як афсари собиқи пулиси вилояти Маскав, ки аз ҷумла ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешуд, баъди 5 соли фирор дар осоишгоҳе дар ноҳияи Подолск дастгир шуд. Роман Володченко узви гурӯҳи ҷиноие буд, ки афсарони пулис ташкил дода, ба ифтитоҳи парвандаҳои ҷаълӣ, ришвахорӣ, тамаъҷӯӣ ва ҷиноёти дигари сангин машғул буданд. Се узви ин гурӯҳ ҳанӯз дар соли 2007 боздошт шуда, дар моҳи ноябр ба мӯҳлати аз 7,5 то 11 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Бино ба хабарҳо, ин афсарони пулис дар соли 2007 як шаҳрванди тоҷикро низ гаравгон гирифта, мехостанд аз хешовандони ӯ пул бирӯёнанд, вале ин гаравгон дар натиҷаи латукӯб дар асорат ҷон дод.
XS
SM
MD
LG