Ҳавошиносон барои имрӯз, 30 январ, дар Тоҷикистон ҳавои умдатан сарду абрӣ ва дар Душанбеву Кӯлобу Хуҷанд ва Хоруғ ҳамроҳ бо барфро пешбинӣ мекунанд. Пойинтарин мизони ҳарорат 4 дараҷаи зери сифр имрӯз барои Хоруғу Ғарм ва баландтаринаш – 15 дараҷа – дар Қӯрғонтеппа дар назар дошта шудааст. Интизор меравад, ҳарорат имрӯз дар Хуҷанд - 3, дар Душанбе – 5 ва дар Кӯлоб – то 6 дараҷа гарм шавад.