Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Муштарӣ дастрас нест!»


Сим- кортҳо яке аз молҳои серхаридори бозорҳои Тоҷикистон шудаанд, ки сари ҳар кӯчаву пасткӯча фурӯхта мешаванд.

Аз ин хотир, ба истилоҳ, «аз кӯдаки гаҳвора то кампири ҳафтодсола»-и Тоҷикистон ҳоло сим-корт ва рақами худашро дорад.

Бобоҷон, як сокини Душанбе мегӯяд, дастрас кардани сим-корт осонтарин кор аст: «Ҳама ҷо, ки пур аст, ҳар куҷое, ки мехоҳӣ, метавонӣ дастрас кунӣ. Ду-се сим-корт гирифта, бемалол мегардӣ.»

Бино ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар ба ҳар сад нафар 80 телефони мобилӣ рост меояд. Бино ба қонунгузории кишвар, ба фарқ аз кишварҳои аврупоӣ, сим-кортҳо бар асоси шиноснома дода мешаванд. Аммо ба назар мерасад, рақобати ширкатҳои мобилӣ ва афзудани теъдоди нуқтаҳои савдои сим-корт, вазъро тағйир додааст.

Дар яке аз бозорҳои Душанбе аз фурӯшандаи сим-кортҳо мепурсам, ки оё метавонад сим-кортро бидуни ҳуҷҷат диҳад? Вай чунин посух дод: "Сим-кортро мо бар асоси ҳуҷҷат медиҳем. Паспорт бошад, бо паспорт."

«Агар ба ҷои даҳ сомонӣ, 30 сомонӣ диҳанд чӣ?» «Гап нест, ака, бе мушкил.»


Тоҷикистонро пешрафтарин кишвари ИДМ дар алоқаи мобилӣ муаррифӣ мекунанд. Дар қиёс бо дигар кишварҳои ин паҳно, на фақат хадамоти мобилӣ, балки сим-кортҳо низ арзонтарин маҳсуб мешаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон метавон аз 5 сомонӣ то ҳудуди 100 доллар сим-корт харидорӣ кард. Илова бар ин, солҳои ахир қимати телефонҳои мобилӣ ҳам ба мардум дастрастар ва ҳам дастгоҳҳои чандсимкартагӣ пайдо шудаанд, ки як нафар метавонад чанд шумора дошта бошад.

Бобоҷон, ҳамсӯҳбати ман мегӯяд, аз он хотир чанд сим-корт дорад, ки баъзан мехоҳад аз рафиқону ошноҳояш фирор кунад, аммо бо оилаву ҷои кор тамосаш ҳамеша барқарор бошад.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон сӯҳбат дар дохили ин ё он шабака арзонтар аст, аз ин хотир мизоҷон ин роҳи сарфа кардани маблағро ҳам андешидаанд. Афроде, ки зуд - зуд сим-кортҳои худро иваз мекунанд, ё аз доираҳои тиҷорӣ, ё овозхон ва ё ҳам ҷавононе ҳастанд, ки мехоҳанд рақами худро бо як рақами зеботари «тиллоиву нуқрагӣ» иваз кунанд.

Ширкатҳои мобилӣ аз афзоиши теъдоди муштариёни худ иттилоъ медиҳанд. Ба гунаи мисол, «Tcell» даъво дорад, ки муштариёнаш ба 2 миллион нафар расидаву «Мегафон» ба муштарии 1-миллионум хона тӯҳфа кард ва ҳамин тавр, «Вавилон - М» бармаҳал ба 2, 5 миллион нафар расидани мизоҷонашро эълом карда буд.

Аммо Рафиқҷон Шокиров, муовини сарвари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, дар кишвар 8 ширкати мобилӣ фаъолият мекунанд ва дар ҳоли ҳозир аз 6,5 миллион муштарии алоқаи мобилӣ 3, 9 миллион нафар фаъол мебошанд: «Ин теъдоди муштариёни фаъол аст, бақия фаъол нестанд. Сим-кортҳое, ки истифода намешаванд, то шаш моҳ мӯҳлат доранд ва пас аз ин лағв карда, ба муштарии дигар супорида мешаванд.»

Ғафур Эркаев, сарвари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки афзоиши теъдоди сим-кортҳои «дар канор уфтода» бештар ба фарҳанги мардуми тоҷик рабт дорад. Ба қавли ӯ, ширкатҳои мобилӣ барои ҳар рақаме, ки дар ихтиёр доранд, аз ҷумла сим-кортҳои истифоданашаванда ба давлат маблағ месупоранд:

«Фарҳанги истифодаи сим-кортҳо мисли дигар фарҳангҳост. Агар сигорро кашеду ба замин партоед, дар Дубай 60 доллар ҷарима мешавед. Ширкатҳо ба хотири рақобат дар дохили кишвар, намехоҳанд мизоҷонро аз худ гурезонанд. Муштарӣ ҷавобгарии моддӣ надорад. Аммо мо корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем, ки бо
сим-корт ҳам муносибати инсонӣ дошта бошанд. Нагиранду дар кӯча напартоянд. Ҳама пеши Худо барои кори худ ҷавоб мегӯяд ва ин вобаста ба рафтору кирдори ӯст.»

Аммо ин танҳо «вижагии» муносибат бо алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон нест. Бо вуҷуди он, ки алоқаи мобилӣ барои зуд пайдо кардани як нафар аст, аксаран бо хомӯш кардани занги телефон, чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё «нестанд» ва ё дар «минтақаи хориҷ аз шабака» қарор доранд.

Ҳамчунин дар бархе оилаҳо, ба ин далел, ки зан дар телефони ҳамсар «смс» ё рақами зани дигарро пайдо кардааст, кор то хонавайронӣ расидааст. Дар автобусу маршруткаҳо мешунавед, ки нафари ҳамсоя мегӯяд: «ман дар «Садбарг»-ам», ҳол он, ки аз «Гипрозем» сӯҳбат мекунад.

Ҳамин тариқ, бо вуҷуди он, ки алоқаи мобилӣ мушкили мардумро осон кард, барои онҳо дардисарҳои нав ҳам эҷод намуд ва хислатҳои одамонро ҳам тағйир дод.
XS
SM
MD
LG