Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷараёни амалиёти муштараки нерӯҳои эътилоф ва афғон дар вилояти Тахор, як фармондеҳи ҲИУ кушта шудааст.

Дар эъломияи нерӯҳои байнулмилалӣ мустақар дар Афғонистон гуфта шудааст, ки ин фармондеҳ Илҳом ном дошта ва субҳи якшанбе дар ҷараёни амалиёти муштараки нерӯҳои афғон ва эътилоф дар маркази ин вилоят кушта шуд.

Аз ин қабл мақомоти амниятии вилояти Тахор гуфта буданд, ки ин амалиёт нимашаби гузашта анҷом шуда бар асари он ду тан кушта ва яке аз фармондеҳони мухолифон боздошт гардидааст.

Маҳмуд Ҳасан, раҳбари идораи амнияти ин вилоят гуфта буд, яке аз кушташудагон аз сокинони маҳаллӣ буда, ҷасади дуввуми ҳанӯз шиносоӣ нагардидааст.

Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Қундуз ва вилоятҳои наздики он ахиран ба паноҳгоҳҳои Толибон, Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон табдил шудааст.

Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки соли1996, бо ҳадафи тағйири низоми ин кишвар ба низоми исломӣ таъсис ёфтааст, ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил шуда ва фаъолияти он дар қаламрави тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ манӯъ аст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар 9 моҳи гузашта дар вилояти Суғд, даҳҳо нафар бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон боздошт шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG