Пайвандҳои дастрасӣ

Нороҳатии Русия аз қатъи кори нозирон дар Сурия


Сарбозон дар кӯчаҳои Димашқ

Сарбозон дар кӯчаҳои Димашқ

Русия аз қарори қатъи фаъолияти гурӯҳи нозирони Ҷомеа ё худ Лигаи кишварҳои араб дар Сурия интиқод кард. Гурӯҳи нозирон баъди таъқиби хунини эътирозҳои зидди ҳукумати Сурия ба ин кишвар сафар кардааст. Рӯзи якшанбе аснои зиёрат аз Бруней вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ба фикри ӯ гурӯҳи нозирон мебоист афзоиш ёбад.
Лавров афзуд, Маскав дар тааҷҷуб аст, ки қарори қатъи фаъолияти нозирони Ҷомеаи Араб баъди дархост ва дарёфти иҷозатномаи тамдиди якмоҳаи кори онҳо гирифта шудааст.
Рӯзи шанбе Ҷомеаи Араб эълон кард, ки фаъолияти 100 нозири ин созмон дар Сурия фавран мутаваққиф мегардад. Сурия низ аз ин қарори Ҷомеа нороҳат будааст.
XS
SM
MD
LG