Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи нави интихоботи Миср оғоз ёфт


 Бинои парламенти Миср
Бинои парламенти Миср
Дар Миср интихоботи палатаи болоии парламенти ин кишвар ва ё ба истилоҳ Маҷлиси Шӯро оғоз ёфт. Ин маҷлис машваратӣ мебошад. Аъзои он ҳамроҳ бо вакилони палатаи поёнии парламенти Миср, яъне Маҷлиси мардумӣ ҳайати таҳририяи Қонуни асосии нави Мисрро интихоб мекунанд. Интихоботи Маҷлиси Шӯро аз ду марҳила иборат аст. Марҳилаи аввали интихоботи Маҷлиси Шӯро имрӯзу фардо давом карда, дар он вакилон аз 14 вилояту шаҳрҳои бузурги Қоҳира ва Искандария маълум хоҳанд шуд. Дар марҳилаи дуюм вакилони Маҷлиси Шӯро аз 14 вилояти боқимондаи Миср интихоб мешаванд. Аслан Маҷлиси Шӯро аз 180 курсӣ иборат аст. 60 вакил дар интихоботи мустақим ва 120 вакили боқимонда бар пояи рӯйхати ҳизбҳои пирӯз соҳиби ҷой дар Маҷлиси Шӯрои Миср мешаванд.
XS
SM
MD
LG