Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ҷавоб ба Иттиҳодияи Аврупоро баҳс мекунад


Парламенти Эрон

Парламенти Эрон

Имрӯз парламенти Эрон мебоист дар масъалаи қатъи содироти нафт ба Иттиҳодияи Аврупо овоз диҳад.
Вале вакилони мардумии Эрон мегӯянд, лоиҳаи ин санад эҳтимол то рӯзи ҷумъа омода шавад.
Ҳафтаи гузашта Иттиҳодияи Аврупо бо ишора ба идомаи барномаи ҳастаии баҳсбарангези Теҳрон эълон кард, ки нафти Эронро мавриди таҳрим қарор дода, сурат-ҳисобҳои бонки марказии ин кишварро мунҷамид ё худ ҳабс менамояд. Ин таҳрим сар аз моҳи июл ба ҳукми иҷро медарояд, то пули пешпардохтшудаи Италияву Юнон барбод наравад. ИМА ҳам аз таҳрими бонки марказии Эрон пуштибонӣ мекунад, вале то ҳол иҷрои ин амрро оғоз накардааст. Агар парламенти Эрон қарори таҳрими фурӯши нафт ба Иттиҳодияи Аврупоро тасдиқ кунад, ин санад барои тасвиби баъдӣ ба Шӯрои Нигаҳбони Қонуни Асосии Эрон таҳвил хоҳад шуд. Ба қавли коршиносон қатъи содироти нафти Эрон ба Иттиҳодияи Аврупо метавонад дар кӯтоҳмуддат Юнону Италияро зери фишор қарор диҳад, вале дар дарозмуддат кишварҳои араб имкон хоҳанд дошт, ки аз ҳисоби афзоиши содирот камбуди нафтро аз байн баранд.
XS
SM
MD
LG