Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони ҳастаии СММ озими Эрон шуданд


Гурӯҳе аз нозирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, рӯзи шанбе ба хотири баррасии барномаи баҳсбарангези атомии Эрон озими Теҳрон шудаанд. Ҳерман Накертис, сарнозири ин оҷонс, қабл аз тарки шаҳри Вена гуфт, муколама бо Эрон бояд барвақт шурӯъ мешуд. Теҳрон аз соли 2008 то кунун бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ ҳамкории маҳдуде дошт ва пайваста иддаъоҳо доир ба талош барои сохти бомби атомиро рад кардааст. Ҳерман Накертис ибрози умедворӣ кард, ки Эрон ба суолҳо “доир ба бӯъди эҳтимолии низомии барномаҳои атомиаш” посух хоҳад гуфт. Давлати Эрон гуфтааст, бо нозирони созмон дар ҷараёни сафари серӯзаашон ҳамкорӣ хоҳад кард, аммо ғанисозии ураниумро боз намедорад. Сафари мазкур метавонад, роҳро барои муколама миёни қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон боз кунад. Даври ахири гуфтӯгуҳои ду тараф дар моҳи январи соли 2011 натиҷае надода буд.
XS
SM
MD
LG