Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди нахуствазири Бритониё ба азми кишвараш


Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, ба азми кишвараш таъкид кард, ки қасд дорад, то охири соли 2014 нерӯҳои ҷангии худро аз Афғонистон хориҷ кунад. Дейвид Кемерон рӯзи шанбе баъди мулоқот бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар як қароргоҳаш берун аз шаҳри Ландан гуфт, Бритониё, баъди тарки нерӯҳо дар охири соли 2014 “хостори ҳамкории дарозмуддат” бо Афғонистон аст. Ҳомиди Карзай рӯзи ҷумъа дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса бо раиси ҷумҳур Никола Саркозӣ доир ба ҷадвали замонии ба ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштани масъулияти таъмини амният ба созиш расиданд. Ду тараф мехоҳанд, нерӯҳои НАТО масъулияти амалиётҳои ҷангиро то соли 2013 ба дӯши нерӯҳои афғон бигузоранд, на то соли 2014, ки Амрико мехоҳад. Бритониё дар Афғонистон 9500 сарбоз дорад ва мехоҳад, то поёни соли 2014 ҳамаи онҳоро ба кишвар баргардонад.
XS
SM
MD
LG