Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи Араб маъмурияташро дар Сурия қатъ кард


Ҷомеаи Араб мегӯяд, маъмурияти нозирони худ дар Сурияро бо назардошти авҷ гирифтани хушунатҳо муттавақиф мекунад. Ин созмон рӯзи шанбе дар баёнияи расмие гуфт, ки фаъолияти 100 нозири Ҷомеаи Араб, ки дар Сурия ҳастанд, фавран қатъ карда мешавад. Набил ал-Арабӣ, раҳбари ин ҷомеа ва нахуствазири Қатар, ба хотири ҷалби ҳимоят барои барномаи сулҳи созмон озими Ню Йорк шудааст. Рӯзи ҷумъа, Шӯрои Амнияти Созмони Милал тарҳи қатъномаи Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷомеаи Араб дар бораи Сурияро баррасӣ кард, ки дар ба пуштибонӣ аз барномаи сулҳи Ҷомеаи Араб даъват шудааст. Дар ин тарҳ хостаанд, то Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳукуматро ба муовинаш вогузор кунад ва баъди ин интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад. Созмони Милал мегӯяд, аз моҳи март то кунун дар ҷараёни саркӯби тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия, бештар аз 5500 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG