Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти мухолифин алайҳи Нурсултон Назарбоев


Садҳо нафар аз тарафдорони аҳзоби мухолиф дар Қазоқистон имрӯз алайҳи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳур ва натиҷаҳои интихоботи гузашта тазоҳурот карданд. Тазоҳуроти беиҷоза дар як гӯшаи майдони марказии шаҳри Алмаато сурат гирифт ва дар он бино ба тахминҳо аз 300 то 100 нафар ширкат кардаанд. Булат Обилов, ҳамраиси Ҳизби Умумимилии Сотсиал Демократи Қазоқистон дар ин тазоҳурот гуфт: Мо аз фасодкории онҳо безор шудаем. Онҳо миллион раъйи моро медузданд, то баъдан аз буҷа миллиардҳо доллар бидузданд. Онҳо миёни ҷомеа тафриқа меандозанд.” Агарчӣ пулис дар ҷараёни тазоҳурот дахолат накард, аммо бино ба гузориши Радиои Озодӣ чаҳор узви баланпояи Ҳизби Умумимиллии Сотсиал Демократи Қазоқистонро ба шӯъбаи пулис бурда ва як нафари онҳоро ба 18 рӯз ва се нафарашонро барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кардааст. Дар интихоботи порлумонии рӯзи 15 январ, ки ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ одилонаву шаффоф набуд, ҳизби Нур Отани раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев, 81 дар сади орои мардум ба даст овард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG