Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, тақрибан ҳамаи зиндониёне, ки ба нишони эътироз аз шароити зиндонҳо гуруснанишинӣ мекарданд, ба ин эътироз хотима доданд.

Турсунбек Охун, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон ба хабарнигорон гуфт, баъди гуфтугӯҳои тӯлонӣ ва ин ваъда, ки рафтори посбонони зиндонҳо дигар хоҳад шуд, эътирозгарон гуруснашининро бас карданд:

“Зиндониён талаб доштанд, ки Шайшинбек Байзоқов, раиси зиндонҳо, истеъфо диҳад ва дари ҳуҷраҳои зиндонҳо боз гузошта шавад, агарчӣ худи зиндониён мегӯянд, ин чунин шарте нагузоштаанд. Мақомот гуфтанд, ки Байзоқов, истеъфо нахоҳад дод ва дарҳоро низ боз намегузоранд. Шароит барои ҳамаи зиндонҳо бояд яксон бошад ва зиндониён ҳам талаби сиёсӣ накунанд. Аммо мақомоти расмӣ гуфтанд, ки сари иваз кардани рахти хобу бистарҳо, иҷозаи дидорбинии бештар бо хешовандон, кӯтоҳ кардани мӯҳлати боздошт дар замони муҳокима ва баҳсҳои додгоҳиро фикр хоҳанд кард.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон афзуд, онҳое, ки ба нишони эътироз даҳонҳои худро дӯхта буданд, бо кӯмаки якдигар риштаҳоро боз мекунанд ва табибон ҳам мекӯшанд, то захмҳо сироят нашаванд. Аммо на ҳамаи зиндониён эътирозро бас кардаанд.

Ба гуфтаи Турсунбек Охун, гуруснашинӣ дар ягона зиндони занона дар Степное дар наздикии шаҳри Бишкек, идома дорад. Ҳудуди 250 зан бо талаби беҳтар кардани шароити зиндон, ҳамчунон аз хӯрдани ғизо саркашӣ мекунанд. Ду нафар аз намояндагони дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон барои кӯмак дар музокира бо занон ба зиндони Степное рафтааст.

Дар Қирғизистон тақрибан 7 ҳазор зиндонӣ сар аз 17-уми январ гуруснашинӣ мекарданд. Ин эътироз баъди он шурӯъ шуд, ки мақомоти Қирғизистон муқаррарот дар зиндонҳоро баъди як ошӯб дар зиндоне дар шаҳри Бишкек сахттар карданд. Ошӯб дар ин зиндон рӯзи 16-уми январ бархост ва сабаби он зоҳиран интиқоли раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ ба зиндони дигар будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG