Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопону Русия дар пайи густариши ҳамкориҳо


Вазирони умури хориҷии Ҷопон ва Русия барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ба созиш расиданд. Коичиро Ҷемба ва Сергей Лавров баъди мулоқоташон дар Токио гуфтанд, ду кишвар ҳамкориҳо дар арсаҳои амниятӣ, дифоъ ва иқтисодиро густариш хоҳанд дод. Мубодилоти мол миёни Ҷопону Русия соли гузашта ба 31 миллиард доллар расидааст. Ҳарду вазир ҳамчунин гуфтаанд, Русияву Ҷопон бояд дар баҳси масъалаи ҷазираи Курил, ки Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар рӯзҳои охири Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум аз Ҷопон гирифт, равиши нармтареро пеш бигиранд.
XS
SM
MD
LG