Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибрози таассуфи Раҳмон аз рафтори баъзе аз мақомот


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз аз даст задани бархе аз кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҷиноят ибрози таассуф кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи шанбе зимни мулоқот бо гурӯҳе аз афроди ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар Шўрои амният, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои амниятӣ сӯҳбат кард. Чанд рӯз пештар аз ин Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон эълом кард, ки аз ҷумла, се афсари баландрутбаи вазорати умури дохилиро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт кардааст. Яке аз ин афрод ба гуфтаи оҷонсӣ бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG