Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти азими аҳзоби исломии Покистон


Бештар аз 100 ҳазор аз тарафдорони аҳзоби бузургтарини динии Покистон рӯзи ҷумъа дар шаҳри Карочӣ ҷамъ омада ва ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрикоро дар манотиқи шимолуғарбии он кишварро маҳкум карданд. Раҳпамоӣ бо даъвати Ҷамъияти Уламои Исломи Покистон сурат гирифт ва дар он ҳамчунин талаб карданд, то ҳукумат роҳҳои интиқоли муҳимот барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро боз накунад. Баъди ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико ба як қароргоҳи низомиёни Покистон, дар рӯзи 26 ноябри соли гузашта, ки 24 кушта бар ҷой гузошт, давлати Покистон роҳҳои НАТО ба сӯи Афғонистонро барои ду моҳ баст.
XS
SM
MD
LG