Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснашинӣ дар зиндонҳои Қирғизистон поён ёфт


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ҳазорон зиндонӣ, ки ба нишони эътироз гуруснашинӣ мекарданд ва 1200 нафарашон низ даҳонҳои хешро дӯхта буданд, ин корашон бас карданд. Турсунбек Охун, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон, ба хабарнигорон гуфтааст, 6500 зиндонии тазоҳургар баъди ваъдаи беҳтар кардани шароит ва беҳтар шудани рафтори посбонон субҳи имрӯз ба гуруснашинӣ хотима доданд. Ин гуруснашинӣ аз 17 январ шурӯъ шуда буд. Ба онҳое, ки даҳони худро дӯхта буданд, кӯмаки тиббӣ мерасонанд.
XS
SM
MD
LG