Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои Амният бӯҳрони Сурияро баррасӣ кард


Шӯрои Амнияти Созмони Милал тарҳи қатъномаи Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷомеаи Араб дар бораи Сурияро баррасӣ кардааст. Дар ин тарҳ ба пуштибонӣ аз барномаи сулҳи Ҷомеаи Араб даъват шудааст, ки мехоҳад, то Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳукуматро ба муовинаш вогузор кунад ва баъди ин интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад. Жерар Аруд, сафири Фаронса дар Созмони Милал дар ин нишаст гуфт:" Мо ба як бӯҳрони азиме дучор шудаем. Ман ҷумлапардозӣ намекунам, бештар аз 5500 нафар кушта шудаанд. Кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида мешавад. Мо ҷиддан дар ҷустӯҷуи як роҳҳали сиёсӣ ҳастем."

Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал гуфт, баъзе аз бандҳои қатънома қобили қабул нест, аммо Русия омодааст, дар он саҳм бигирад. Созмони Милал мегӯяд, аз моҳи март то кунун дар ҷараёни саркӯби тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия, бештар аз 5500 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG