Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиди Карзай бо Дейвид Кемерон мулоқот мекунад


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, имрӯз ба хотири гуфтӯгу бо Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, вориди Лондон мешавад. Рӯзи ҷумъа ӯ дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса бо раиси ҷумҳур Никола Саркозӣ дар масъалаи ҷадвали замонии ба ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштани масъулияти амалиётҳои амниятӣ ба созиш расиданд. Ду тараф мехоҳанд, нерӯҳои НАТО масъулияти ин амалиётҳоро то соли 2013 ба дӯши нерӯҳои афғон бигузоранд, на то соли 2014, ки Амрико мехоҳад. Никола Саркозӣ гуфт, нерӯҳои Фаронса то соли 2013 Афғонистонро тарк хоҳанд кард ва Амрикоро низ аз ин қарор огаҳ кардааст. Никола Саркозӣ афзуд, нерӯҳои фаронсавӣ дигарбора ба омӯзиш додани сарбозони афғон шурӯъ мекунанд. Баъди он ки як сарбози афғон, рӯзи 20 январ чаҳор мураббии фаронсавиро кушт, Фаронса ин барномаҳои омӯзиширо мутаввақиф кард.
XS
SM
MD
LG