Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Иван Яригин


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-при ба хотираи Иван Яригин, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ, ширкат доранд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки 27-уми январ дар шаҳри Красноярски Русия оғоз ёфт, се рӯз идома хоҳад кард.

Абдурозиқ Олимов, мураббии калони тими мунтахаби гуштии озодиТоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ба ҳайати даста паҳлавонони маъруф - Фирӯзҷони Абдусамад (60 кг), Сомиршо Воҳидов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Искандари Рустам ва Фарҳод Анақулов(ҳарду - 96 кг) дохиланд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқаи Иван Яригин 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Абдурозиқ Олимов, ин мусобиқа барои гуштигирони тоҷик яке аз давраҳои омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад, маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG