Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия омодаи ҳамкорӣ барои поёни бӯҳрони Сурия аст


Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар СММ

Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар СММ

Русия омодагии худро барои ҳамкорӣ дар мавриди пешнависи қатъномаи нав барои ҳалли бӯҳрони Сурия эълон кардааст.

Дар ҳоле, ки мухолифони Башор Асад мегӯянд, дар даргириҳои 24 соати гузашта даҳҳо нафар ба дасти нерӯҳои амниятии Сурия кушта шуданд, Русия бо вуҷуди мухолифат бо пешнависи қатъномаи мавриди ҳимояти Иттиҳодияи Араб мегӯяд, омода аст барои ислоҳи ин пешнависи қатънома дар ростои поён додан ба хушунат дар Сурия ҳамкорӣ кунад.

Рӯзи ҷумъа Шӯрои Амнияти СММ барои баррасии пешнависи қатъномае дар хусуси Сурия, ки Марокаш ба намояндагӣ аз кишварҳои арабӣ пешниҳод кард, нишасти худро доир намуд.

Ин пешнавис аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия мехоҳад ихтиёроти раёсати ҷумҳуриро ба муовини худ вогузор кунад ва муовини раиси ҷумҳур низ бо ҳузури мухолифон, давлати ваҳдати миллӣ ташкил диҳад. Вазифаи ин давлат таҳияи Қонуни асосии нав ва фароҳам кардани заминаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонӣ хоҳад буд то ба ин тартиб бӯҳрони беш аз 10 моҳи Сурия поён ёбад. Бӯҳроне, ки тибқи охирин гузориши СММ, бар асари он беш аз 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Шабакаи хабарии Ал-Ҷазира гузориш додааст, ки бештари аъзои Шӯрои Амнияти СММ бо пешнависи қатъномаи пешниҳодшуда аз сӯи Марокаш мувофиқ ҳастанд. Аммо бархе дигар аз кишварҳо, аз ҷумла Русия хоҳони ҷузъиёти бештаре мебошанд. Ба ҳамин далел, пас аз поёни нишасти ду соатаи Шӯрои Амният, матни пешнавис барои баррасии бештар ба коршиносон вогузор шуд.

Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар СММ пас аз поёни нишасти Шӯрои Амният ба хабарнигорон гуфт, ки бахшҳое аз ин пешнавис ғайри қобили қабул аст.
Ҳамзамон ҷаноби Чуркин аз омадагии Русия барои мушорикат дар баррасӣ ва ислоҳи пешнависи ин қатънома хабар дод. Вай гуфт, ки онҳо ба баъзе нуқоти ин пешнавис, ба вижа он бахш, ки аз Башор Асад талаб карда мешавад, ки ихтиёроти худро ба муовини худ вогузор кунад, розӣ нестанд.

Пеш аз ин муовини вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки Маскав ҳар қатъномае, ки хостори барканории Асад бошадро вето хоҳад кард. Чанд моҳ пеш Русия ва Чин қатъномаи пешниҳодкарда аз сӯи кишварҳои аврупоӣ ба Шӯрои Амният барои маҳкумияти хушунатҳо алайҳи ғайринизомиён дар Сурияро вето карда буданд.

Пеш аз нишасти Шӯрои Амният СММ, Фаронса эълон кард, ки аз пешнависи қатъномаи кишварҳои арабӣ ҳимоят мекунад. Дархостҳо аз ҳама тарафҳои даргир дар Сурия барои поён додан ба хушунатҳо, аз дигар бандҳои пешнависи қатънома мебошад.

Ин пешнавис ҳамчунин аз давлати Сурия мехоҳад иҷозаи фаъолияти озодонаи созмонҳои байнулмилалӣ, созмонҳои кӯмакрасон ва намояндагони расонаҳоро дар ин кишвар бидиҳад.

Қарор аст рӯзи душанбе Набил Ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб ва Ҳамд бин Ҷосим, вазири умури хориҷии Қатар барои пуштибонӣ аз ин тарҳи Иттиҳодияи Араб, ба Ню-Йорк сафар кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG