Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Яблоко" аз болои тасмими КМИ ба додгоҳ шикоят мебарад


Ҳизби “Яблоко” аз болои тасмими Комиссиюни марказии интихоботии Русия барои рад кардани сабти номи Григорий Явлинский ҳамчун номзад ба мақоми раисиҷумҳур ба додгоҳ шикоят мебарад.

Имрӯз Явлинский ба хабарнигорон гуфт, ки мавзеъгирии ҳизб дар баробари интихоботи раёсатҷумҳурӣ моҳи оянда дар нишасти Шӯрои сиёсии федеролӣ муайян хоҳад шуд. Раҳбари “Яблоко” афзуд, ки тасмими Комиссиюни марказии интихобот ба хотири таъмини шароити мусоид барои номзадҳои пуштибон аз ҳукумат гирифта шудааст. Дигар аз раҳбарони “Яблоко” Сергей Митрохин изҳор намуд, ки аксари имзоҳо ба ҷонибдории Явлинский асланд ва шумораи хело ҳам ками варақаҳоро метавон тақаллубӣ номид.

Имрӯз Комиссиюни марказии интихоботии Русия изҳор намуд, ки раиси ҳизби “Яблоко” Григорий Явлинский ва волии вилояти Иркутск Дмитрий Мезенсевро ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ сабти ном нахоҳад кард. Ба иттилои ин ниҳод, дар ин бора баъди он тасмим гирифта шуд, ки миёни имзоҳои пешниҳодкардаи онҳо варақаҳои тақаллубии зиёд ошкор гардид.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия рӯзи 4 март баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG