Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амният тарҳи қатъномаи Сурияро баррасӣ мекунад


Низомиёни Сурия дар як шаҳри канори Димишқ
Низомиёни Сурия дар як шаҳри канори Димишқ
Имрӯз Шӯрои амнияти СММ дар нишасти пушти дарҳои баста тарҳи нави қатънома оид ба авзоъ дар Сурияро баррасӣ хоҳад кард. Райъдиҳӣ аз рӯи ин санад, ки дар он аз Башор Асад интиқоли қудрат ба дигар нерӯҳо даъват шудааст, шояд ҳафтаи оянда баргузор шавад.

Муовини вазири умури хориҷии Русия Геннадий Гатилов тарҳи нави қатъномаро “ғайри қобили қабул” номид, зеро дар он, ба гуфтаи ӯ, мавқеъи Русия инъикос наёфтааст. Аз ин пеш Русия ва Чин аз ҳаққи вето дар баробари дигар тарҳҳои қатънома оид ба Сурия истифода карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои амниятии Сурия рӯзи ҷумъа низ дар шаҳри Ҳумс алайҳи ширкатдорони намоишҳои зиддиҳукуматӣ амалиёт доир карданд. Фаъолони мухолифини ҳукумати Сурия бо такя ба шоҳидон гуфтанд, ки рӯзи панҷшанбе бар асари ин амалиёт ва бархӯрдҳо дасти кам 35 нафар, аз ҷумла, чанд кӯдак, кушта шуда, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тули даҳ моҳи намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад, ба иттилои СММ, тақрибан панҷу ним ҳазор суриягиҳо ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG