Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун Теҳронро масъули эҳёи музокирот номид


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун зимни суханронӣ дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос хостори эҳёи музокирот миёни Теҳрон ва кишварҳои ғарбӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон шуд.

Ба гуфтаи ӯ, масъулияти эҳёи ин гуфтушунид бар дӯши Эрон аст. Бан Ки Мун афзуд, ки "онҳо бояд худашон собит кунанд, ки барномаи ҳастаияшон воқеъан ҳам аҳдофи сулҳомез дорад. То ҳол онҳо ин корро накардаанд".

Музокироти миёни Эрон ва аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ – Русия, Чин, ИМА, Бритониё ва Фаронса ба изофаи Олмон як сол пеш қатъ шуд.

Вазири молияи ИМА Тимотӣ Гайтнер дар нишасти Давос изҳор намуд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ мехоҳад пойбандияш аз нафти Эронро рафъ кунад. Дар посух як вакили Маҷлиси Эрон гуфт, ки рӯзи якшанбе парлумон мавзӯъи қатъи фаврии содироти нафт ба Аврупоро баррасӣ хоҳад кард. Иттиҳодияи Аврупо қаблан эълом дошт, ки тобистон барои вуруди нафти Эрон эмбарго эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG