Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиш дар Бағдод афзоиш ёфт


Шумораи қурбониёни инфиҷор дар маҳаллаи шианишини Зафаранияи шаҳри Бағдод ба 31 нафар расид. Тақрибан 60 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бар асари таркиш чанд мошин ба коми оташ рафта манзилу дӯконҳо хароб шуданд.

Ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, як маргталаб худро дар маросими дафни аҳли як хонавода инфиҷор кард, ки дирӯз дар як таркиши дигар дар Бағдод ба ҳалокат расида буданд.

Ассошиейтед Пресс бо такя ба полиси маҳаллӣ хабар дод, ки баъд аз инфиҷор афроди мусаллаҳи ношинос ба як постгоҳ ҳамла карда, ду корманди мақомои ҳифти тартиботро куштанд.

Масъулияти ҳамлаҳоро то ҳол гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG