Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти нерӯҳои амниятии Сурия алайҳи эътирозгарон дар Ҳумс


Нерӯҳои амниятии Сурия дар шаҳри Ҳумс алайҳи ширкатдорони намоишҳои зиддиҳукуматӣ амалиёт доир карданд. Ба иттилоъи созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, дар шаҳр садои таркиш ва тирандозӣ ба гӯш мерасад.

Фаъолони мухолифини ҳукумати Сурия бо такя ба шоҳидон хабар доданд, ки рӯзи панҷшанбе бар асари бархӯрдҳо дар шаҳри Ҳумс дасти кам 35 нафар, аз ҷумла, чанд кӯдак, кушта шуда, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ва аммо ин иттилоъро манобеи мустақил тайид накардаанд.

Имрӯз Шӯрои амнияти СММ гомҳои минбаъда дар баробари режими раисиҷумҳур Башор Асадро баррасӣ мекунад. Бар пояи хабарҳо,барои баҳсу муҳокима тарҳи қатъномаи таҳиякардаи кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ пешниҳод шудааст.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дар Сурия даҳ моҳ боз идома доранд. Дар ин муддат бар асари бархӯрҳо, ҳамлаҳои террористӣ ва саркӯбсозии намоишҳо, ба иттилои СММ, тақрибан панҷу ним ҳазор суриягиҳо ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG