Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: ИМА пойбанди манобеи энерҷии беруна нахоҳад шуд


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, мехоҳад вобастагии кишвар аз манобеи берунии энерҷиро коҳиш диҳад.

Дар як суханронӣ дар пойгоҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Баклӣ, воқеъ дар шаҳри Аврораи аёлати Колорада ӯ гуфт, ки "мо миллионҳо акр чоҳҳои нафту газро дар ин ҷо, дар Иёлоти Муттаҳида,кашф кардем. Имрӯз дар Амрико назар ба 8 соли пеш бештар нафт тавлид мешавад".

Аз ин пеш Обама дар суханронии пешазинтихоботияш дар шаҳри Лаг-Вегаси аёлати Невада дар бораи нақшаҳояш оид ба афзоиши тавлиди газ ва густариши кашфи чоҳҳои дорои маводи хоми сӯхт дар Амрико ҳарф зад, ки, ба гуфтаи ӯ, барои афзоиши ҷойҳои кор мусоидат хоҳад кард.

Раҳбарони Ҳизби ҷумҳурихоҳон Обамаро барои сиёсати энерҷӣ ва, аз ҷумла, эҷоди монеъа дар бунёди лулаи нафт аз Канада ба Техас танқид мекунанд.
XS
SM
MD
LG