Пайвандҳои дастрасӣ

Явлинский ва Мезенсев аз сабқат канор монданд


Григорий Явлинский

Комиссиюни марказии интихоботии Русия изҳор намуд, ки раиси ҳизби “Яблоко” Григорий Явлинский ва волии вилояти Иркутск Дмитрий Мезенсевро ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ сабти ном нахоҳад кард.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ин бора баъди он тасмим гирифта шуд, ки дар варақаҳои имзои пешниҳодкардаи онҳо варақаҳои тақаллубии зиёд ошкор гардид. Ҷонибдорони “Яблоко” мегӯянд, ки тасмими КМИ ангезаи сиёсӣ дорад ва аз ин рӯ дар канори бинои Комиссиюн пикети эътирозӣ ташкил карданд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 4 марти соли равон барои курсии раисиҷумҳурии Русия панҷ нафар – нахуствазир Владимир Путин, сармоядор Михаил Прохоров ва раҳбарони се ҳизби парлумонӣ – Геннадий Зюганов, Сергей Миронов ва Владимир Жириновский талош хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG