Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта: Теъдоди низомиёни ИМА коҳиш меёбад


Леон Панетта
Леон Панетта
Леон Панетта, вазири дифои ИМА, изҳор намуд, ки солҳои наздик теъдоди низомиён ва нерӯҳои пиёдагарди кишвар 92 ҳазор нафар кам ва бархе аз пойгоҳҳои низомӣ баста мешаванд. Ҳамзамон нерӯҳои зудамал тақвият дода хоҳанд шуд, то ки ба гуфтаи раҳбари Пентагон, Амрико чун пештара тавони пирӯзӣ аз болои ҳама гуна душман дар хушкиро дошта бошад.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Панетта афзуд, ки тайи даҳ соли наздик буҷаи Пентагон 487 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт.

Леон Панетта ҳамчунин гуфт, ки Пентагон харидории ҳавопаймоҳои F-35-ро идома медиҳад ва аммо хариди ҳавопаймоҳои ноаёни аз рӯи фановарии “Стелс” тавлидшударо кам хоҳад кард.

Дар соли молиявии 2013 буҷаи вазорати дифоъи Амрико 525 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG