Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот мегӯянд, ба хотири нигоҳубини роҳҳо ду барномаи таҷрибавӣ роҳандозӣ мекунанд, ки дар ҳоли муваффақона анҷом пазируфтан, роҳҳои кишвар пулакӣ нахоҳанд шуд.

Мухтор Неъматов, сарвари Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Тоҷикистон, ки дар нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ба хотири барбод нарафтани хароҷоти барқарорсозӣ ва сохтмони роҳҳо ба самти Қирғизистон, ҳукумат тасмим гирифтааст ду барномаи таҷрибавии нигоҳубини онҳоро пиёда кунад: «Аз ҳамин 400 километр роҳи марзи Ӯзбакистон то Қирғизистон, мо 200 километрро ба ду ширкат барои нигоҳубин месупорем. Мо мебинем, ки барои ин чӣ қадар маблағ ва чӣ тавр харҷ мешавад. Яъне таҷриба мекунем, ки чӣ тавр хуб аст барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо - тарзи имрӯза ё ин таҷрибае, ки мегузаронем.»

Ба гуфтаи оқои Неъматов, мӯҳлати амалӣ кардани барномаҳои таҷрибавӣ 5 сол хоҳад буд ва ҳукумат барои онҳо 4 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Ҳукумати Тоҷикистон барои нигоҳубини роҳҳо ҳамасола дар буҷа маблағ ихтисос медиҳад ва ҳам дар мисоли роҳи «Душанбе-Чаноқ» роҳи пулакиро низ таҷриба карда буд, ки муҷиби норизоиятиҳои мардум шуд.

Қаблан вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълом дошт, ки ба хотири бозпардохти қарзҳои хориҷӣ роҳҳои Душанбе - Турсунзода, Душанбе - Ваҳдат - Данғара ва роҳҳои мошингард ба самтҳои ҷанубу шарқи Тоҷикистон пас аз анҷом бояд пулакӣ шаванд. Аммо Мухтор Неъматов гуфт, ҳоло умуман сухан дар бораи пулакӣ шудани роҳҳо Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб

Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб

намеравад, балки нигоҳубини онҳо аз ҳисоби муайян ва аз сӯи ширкатҳо таҷриба мешавад.

Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки таҷрибаҳои нави ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди нигоҳубини роҳҳо муваққатиянд ва шояд на таҷриба, балки як гуна омӯзиши то куҷо пулакӣ кардани онҳост.

Коршинос Завқибек Солиев мегӯяд, роҳҳои масири Душанбе - марзи Қирғизистонро, ки аслан тариқи кӯҳистон мегузаранд ва ярчхезанд, бо маблағҳои буҷаву қарзҳои бебозгашт наметавон нигоҳубин кард: «Аслан роҳҳои мо бо қарз сохта мешаванд, Масалан, вақте дар роҳи «Душанбе - Чаноқ» ширкати IRS ба пулчинӣ шурӯъ кард, аз ҷумла далел оварда шуд, ки бояд қарзҳо пардохта шаванд. Яъне эҳтимолан рӯзе дар роҳҳои дигар низ ин таҷриба ҷорӣ мешавад. Аммо 4 миллион доллар барои нигоҳубини 200 километр ҳам кифоят нахоҳад кард. Масалан, дар роҳи Ваҳдат- Обигарм як пул аст, ки тайи як сол се маротиба таъмир шуд ва худи роҳ ҳам ҳоло валангор шудааст.»

Мухтор Неъматов мегӯяд, аксари роҳҳои кишвар бо пули қарз сохта шудаанд, вале ҳоло ҳукумат бар ин аст, ки тарҳҳои онҳоро бо қарзҳои бебозгашт бунёд кунад. Ӯ таҷдиди роҳи Душанбе-Турсунзодаро мисол овард, ки бо 120 миллион доллари Бонки осиёии рушд сохта мешавад.

Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов

Дар ҳамин ҳол, Бӯрӣ Каримов, раиси Иттиҳоди роҳсозони ИДМ мегӯяд, таҷрибаи дар ихтиёри ширкатҳо гузоштани ​нигоҳубини роҳҳо дар бархе кишварҳо вуҷуд дорад, аммо дар асл ба далели аз давлат ва мардум будани роҳҳо ғайриқонунӣ аст, агар бидуни ризоияти парлумону мардум сурат гирад.

Вай афзуд, ба далели ногувории вазъи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир нигоҳубинро бояд мустақим худи давлат ба зимма дошта бошад: «Истифодаи роҳҳо дар шароити вазнини кӯҳсори мо бояд аз сӯи ширкатҳои ватанӣ ва роҳсозони ватанӣ бояд бошад. Агар ин маблағ аз буҷа аст ва Худо нохоста, қарз бошад, дар ҳарду ҳолат ман ҳамчун мутахассис ва ҳамоҳангсози роҳсозиҳо дар ИДМ мехоҳам, ки корхонаҳои ватанӣ онҳоро гиранд ва мардуми мо бештар бо кор таъмин шаванд.»

Аммо Мухтор Неъматов мегӯяд, нигоҳубини роҳҳо аз сӯи ширкатҳои ватанӣ хоҳад буд ва ё хориҷӣ, салоҳияти ҳукумати кишвар аст.

Коршиносон мегӯянд, пас аз хатми сохтмони роҳҳо, эҳтимолан ширкатҳои муштараки тоҷикиву хориҷии дигар низ рӯи кор оянд. Ба қавли онҳо, ба гумони ғолиб роҳҳо пулакӣ мешаванд ва шаффофияти ҷамъоварии маблағ барои пардохти қарзҳо бояд қабл аз ҳама аз сӯи давлат роҳандозӣ шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG