Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2012 бозиро бо тими Туркманистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ин бозӣ рӯзи 28-уми январ дар маҷмааи варзишию фарҳангии "Петербургский" (СКК "Петербургский")-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Ҳар ду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Дар дақиқаи 55-ум ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Шодибек Ғаффоров ҳисобро боз кард ва баъди 20 дақиқа голи ҷавобиро футболбозони туркман ба самар расониданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ, дастаҳои Эстония ва Қирғизистон барои ҷои нуҳум талош карданд ва бозӣ бо пирӯзии қирғизҳо бо ҳисоби 2:0 ба анҷом расид. Қирғизистон бо 9 имтиёз ҷои нуҳум ва Эстония бо 4 имтиёз ҷои даҳумро гирифтанд.Тоҷикистон бо ду имтиёз дар ҷои 11-ум қарор гирифт. Туркманистон бо як имтиёз ҷои охиринро ишғол кард.

Чаҳор дастаи мунтахаби ҷавонон – Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Русия бошанд, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Иттиҳод-2012 роҳ ёфтанд. Рӯзи 27-уми январ дар бозиҳои ниманиҳоӣ Беларус бар Украина аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 ва Русия бар Латвия бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2012 дар бозии ниҳоӣ, ки шаби 29-уми январ миёни дастаҳои Беларус ва Русия баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.

Тақвими бозиҳо

19-уми январ

12.00. Украина – Молдова – 1:0
14.15. Қирғизистон – Латвия – 2:3
17.00. Русия – Қазоқистон – 1:0
20.00. Эстония – Туркманистон – 0:1

20-уми январ

12.30. Беларус – Эрон – 0:0
15.00. Тоҷикистон – Литва – 0:0
17.30. Қазоқистон – Туркманистон - 3:1
20.00. Русия – Эстония - 1:0

21-уми январ

12.30. Украина – Қирғизистон - 4:0
15.00. Молдова– Латвия - 0:0
17.30. Беларус – Тоҷикистон - 2:0
20.00. Эрон - Литва - 3:0

22-юми январ

12.30. Украина – Латвия – 2:0
15.00. Молдова – Қирғизистон – 2:1
17.30. Қазоқистон – Эстония – 3:1
20.00. Русия – Туркманистон – 0:0

23-юми январ

17.30. Беларус – Литва – 0:1
20.00. Эрон – Тоҷикистон – 5:0

24-уми январ

17.30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум Туркманистон – Қирғизистон – 1:3
20.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум Тоҷикистон – Эстония – 1:1

25-уми январ

12.30. ¼ финал Қазоқистон — Беларус – 2:3
15.00. ¼ финал Эрон — Латвия – 1:1, аз рӯи пеналти 1:4
17.30. ¼ финал Украина — Литва – 1:1, аз рӯи пеналти 4:3
20.00. ¼ финал Русия — Молдова – 2:1

26-уми январ

17.30.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум Эстония – Туркманистон – 3:0
20.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум Қирғизистон – Тоҷикистон – 3:1

27-уми январ

12.30.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум Литва - Қазоқистон - 0:0, аз рӯи пеналтӣ - 5:3
15.00.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум Эрон - Молдова - 3:0
17.30. 1/2 финал Украина - Беларус 1:1, аз рӯи пеналтӣ 3: 5
20.00. 1/2 финал Русия- Латвия 2:1

28-уми январ

12.30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум Тоҷикистон -Туркманистон 1:1
14.30. Бозӣ барои ҷойи 9-ум Қирғизистон - Эстония- 2:0

29-уми январ

12.00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум Қазоқистон - Молдова 3: 3, аз рӯи пеналтӣ 5:4
14.15.Бозӣ барои ҷойи 5-ум Литва - Эрон
16.30.Бозӣ барои ҷойи 3-юм Украина - Латвия
19.00. Финал ё бозии ниҳоӣ Беларус - Русия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG