Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии СММ ва ҳомиёни ҳуқуқ аз вазъ дар Либия


Мақомоти Созмони Милал ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аз амалкарди мусаллаҳони Либия, ки одамонро дар боздоштгоҳҳои ғайрирасмӣ нигаҳдорӣ мекунанд, ба таври афзоянда нигаронанд. Ин огаҳиҳо зимни хабари даргирҳои хунин ва шиканҷаи боздоштшудагон дар Бани Валид, пойгоҳи пешини Муаммар Қаззофӣ дар ин ҳафта садо додаанд. Масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал Навӣ Пилей мегӯяд, шӯришиёни собиқи Либия дар наздик ба 60 урдугоҳ қариб 8500 нафарро зиндонӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG