Пайвандҳои дастрасӣ

"Шохиси зистмуҳитӣ": Ҳавои олуда, исрофи об, шӯразамин...


Туркманистон. Тағйири ранги об бо сабаби афзоиши намакҳои кимиёӣ.

Туркманистон. Тағйири ранги об бо сабаби афзоиши намакҳои кимиёӣ.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раддабандии байнулмилалии экологӣ низ ҷойҳои охирро гирифтанд.

Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон дар раддабандии экологие, ки донишгоҳҳои Йел ва Коламбияи Иёлоти Муттаҳидадар ҳамкорӣ бо Форуми Иқтисодии Ҷаҳон омода кардаанд, дар ҷойҳои охир қарор ёфтаанд. Пажӯҳишгарон амалкардҳои зистмуҳитии 132 кишварро аз рӯи ҳифзи покизагии ҳаво, замин, об, вокуниш ба тағйири иқлим, рангорангии биологӣ, нигаҳдории ҷангалҳо, мудирияти моҳидорӣ ва монанди инҳо табақабандӣ кардаанд.

Дар ҳоле ки, барои намуна Тоҷикистон дар ин феҳраст дар ҷои 121-уми қарор дорад, Қазоқистон зинаи 129-умро ишғол намудааст. Ҳарчанд ин тафовут метавонад ба рушди саноати ду кишвар бастагӣ дода шавад, яъне саноати пешрафта боиси осеби бештари муҳити зист мегардад, Туркманистон дар номгӯй дар ҷои 131-ум, як зина пеш аз охир гузошта шудааст. Ва Узбакистон як зина болотар, ҷои 130-юмро гирифтааст.

Муаллифони таҳқиқот бар инанд, ки раддабандӣ аз маҷмӯи умумии арзёбиҳо ба миён меояд ва як кишвар метавонад, дар як масъала, чунончӣ ҳифзи ҷангалҳо, амалкардҳои хуб дошта бошад, аммо нишондиҳандаҳои риштаи дигар, монанди таъмини гуногунии биологӣ ё ҳифзи замин аз биёбоншавӣ метавонад, баҳои умумиро ҷиддан тағйир диҳад.

Анҷел Ҳсу, мудири ин барнома аз Донишгоҳи Йел мегӯяд, Туркманистону Узбакистон дар чанд масъала ба мушкили сахт рӯбарӯянд, ки яке аз онҳо мудирияти истифодаи об аст: "Тадқиқоти мо нишон дод, ки дар кишоварзии Узбакистон химикатҳо аз меъёр хеле зиёд ва оби ду дарёи асосӣ, ки ҳамаи минтақаро “мехӯронанд” исрофкорона истифода мешавад. Ба ин сабаб амалкарди он дар системаи зистмуҳитӣ баҳои паст гирифт.”

Барои муқоиса, агар аз рӯи истифодаи об Тоҷикистон дар ин табақабандӣ ҷои 92-юмро гирифта бошад, Узбакистон дар ҳамин масъала дар ҷои 120-ум ва Туркманистон 126-ум қарор доранд. Аммо дар масъалаи ҳифзи рангорангии табиати атроф ва муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ҳар се кишвар аз ҳам дур наафтодаанд.



Ин пажӯҳиши ду маркази бонуфузи илмиии ҷаҳон метавонад, ба баҳси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди истифода аз захираҳои оби минтақа, ки сол то сол шиддати бештар ва ангезаи сиёсӣ пайдо мекунад, таъсир гузорад. Кишварҳои поёноб мухолифи онанд, ки кишварҳои болооби минтақа дар рӯдхонаҳои нерӯгоҳҳо бунёд кунанд ва мегӯянд, чунин иншоот сабаби коҳиши маҷрои об ба қаламрави онҳо мешавад. Аммо давлатҳои болооб бар инанд, ки мушкил дар истифодаи исрофкоронаи об барои кишоварзист ва агар давлатҳои поёнооб ба исроф хотима гузоранд, об барои ҳама кофӣ хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG