Пайвандҳои дастрасӣ

Шоу-бизнеси Аврупо ва қуфли "ҳуқуқи инсон"-и Озарбойҷон


Ҳомиёни ҳуқуқ: “Eurovision” шоу бизнес аст ва дар кушодани тилисми “ҳуқуқи инсон” оҷиз мемонад.

Бо наздик омадани мавсими “Eurovision”, ки имсол дар охирҳои моҳи май дар Боку баргузор мешавад, фаъолони кумитаи “Аз ҳаққи худ дифоъ кунед” рӯзи 25-уми январ дар назди шаҳрдории Боку флеш-моб баргузор карданд. Онҳо ду лавҳаи сиёҳро бо худ оварда буданд, ки рӯи яке қуфли “Шоу бизнес” ва дигаре “Ҳуқуқи инсон” наққошӣ шуда буд. Қуфли “Шоу бизнес” боз гашт, аммо қуфли “Ҳуқуқи инсон” на.

Ин даъват ба баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Озарбойҷон буд, ки консерт-озмуни “Eurovision”-ро баргузор мекунад ва ҳамсари раисиҷумҳури ин кишвар Меҳрубон Алиева созмондиҳандаи он мебошад. Пирӯзии бадеҳахонони озарӣ Элдор Қосимов ва Нигоҳ Ҷамол, ки бо номи “Элл-Никкӣ” дар соли гузашта, озмуни навбатиро ба пойтахти Озарбойҷон интиқол дод.

Дар моҳи августи соли гузашта чанд гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башари Озарбойҷон дар пешорӯи озмуни Eurovision -2012 ба як маъракаи огоҳӣ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар шурӯъ карданд. Ин маъракаи мавсум ба “Таронаҳои озодӣ дар кишвари ноозод” раҳоии маҳбусони сиёсӣ, беҳбуди вазъи озодии матбуот ва лағви маҳдудият дар роҳи баргузории раҳпаймоиҳо дар Озарбойҷонро тақозо мекунад.

XS
SM
MD
LG