Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи ҳомиёни ҳуқуқ қабл аз озмуни “Eurovision”


Бо наздик омадани мавсими “Eurovision”, ки имсол дар охирҳои моҳи май дар Боку баргузор мешавад, фаъолони кумитаи “Аз ҳаққи худ дифоъ кунед” рӯзи 25-уми январ дар назди шаҳрдории Боку флеш-моб баргузор карданд. Онҳо ду лавҳаи сиёҳро бо худ оварда буданд, ки рӯи яке қуфли “Шоу бизнес” ва дигаре “Ҳуқуқи инсон” наққошӣ шуда буд. Қуфли “Шоу бизнес” боз гашт, аммо қуфли “Ҳуқуқи инсон” на. Ин даъват ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Озарбойҷон буд, ки консерт-озмуни “Eurovision”-ро баргузор мекунад ва ҳамсари раисиҷумҳури ин кишвар Меҳрубон Алиева созмондиҳандаи он мебошад. Пирӯзии бадеҳахонони озарӣ Элдар Қосимов ва Нигоҳ Ҷамол, ки бо номи “Элл-Никкӣ” дар соли гузашта, озмуни навбатиро ба пойтахти Озарбойҷон интиқол дод.
XS
SM
MD
LG