Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як рус ва як тоҷик дар Прага бо 9000 еврои қалбакӣ


Шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чех бо иттиҳоми нашр ва истифодаи евроҳои қалбакӣ боздошт шудаанд. Мақомоти чех мегӯянд, онҳо муддати зиёде аз Олмон ба Ҷумҳурии Чех омада, дар ин ҷо евроҳои қалбакиро ба кор мебурдаанд. Ҳангоми боздошт дар мошини шаҳрванди Русия 90 қоғази 100-евроӣ кашф ва мусодира шудааст. Вай худро бегуноҳ мешуморад ва шаҳрванди Тоҷикистон аз посух додан ба суолҳо сарпечӣ мекунад. Ҳарду бо ҷазои 12 соли маҳрумият аз озодӣ рӯбарӯ хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG