Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони Думаи Русия мақомоти тоҷикро тӯҳмат кардаанд


Сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ҳамаи амалҳои марбут ба қазияи шаҳрванди Русия Виктор Радивиловскийро зери нразар дорад. Масъули матбуотии консулгарии Русия дар Хуҷанд, Марсел Гибадуллин ба хабарнигорон гуфт, олими 58-сола барои фиреби рустаборони Тоҷикистон ва қаллобӣ ба 7 соли ҳабс маҳкум шудааст. Дар соли 2009 ҳамзамон 17 нафар ӯро ба додгоҳ кашиданд, зеро бо ваъдаи ба донишгоҳҳи Русия фиристодани фарзандони онҳо аз ҳар кадом 2500 то 3000 долларӣ пул гирифта, ваъдаашро иҷро накардааст. Вакили Радивиловский гуфтааст, зерҳимояи ӯ қисман ба гуноҳаш иқрор карда, аммо мехоҳад, мӯҳлати ҳабси ӯ камтар шавад. Намояндагони Думаи Русия мақомоти Тоҷикистонро айбдор мекарданд, ки гӯё бо мақсади соҳибӣ кардан ба маҷмӯи сангҳои қиматбаҳои ӯ Радивиловскийро зиндонӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG